Булбуле бедил навое мезанад

235

Булбуле бедил навое мезанад,
Бодпаймое1 ҳавое мезанад.

Кас намебинам зи беруни сарой,
В-андарунам марҳабое мезанад.

Оташе дорам, ки месӯзад вуҷуд,
Чун бар ӯ боди сабое мезанад.

Гарчи дарёро намебинад канор,
Ғарқа ҳолӣ2 дасту пое мезанад.

Фитнае бар бом бошад, то яке
Сар ба девори сарое мезанад.

Ошноёнро ҷароҳат марҳам аст,
З-он ки шамшер ошное мезанад.

Ҳайф бошад дасти ӯ дар хуни ман,
Подшое бо гадое мезанад.

Бандаам, гар бе гуноҳе мекушад,
Розиям, гар бе хатое мезанад.

Шукри неъмат мекунам, гар хилъате
Мефиристад ё қафое мезанад.

Нописандидаст пеши аҳли рой,
Ҳар кӣ баъд аз ишқ рое мезанад.

Муҳтасиб, гӯ, чанги майхорон бисӯз,
Мутриби мо хуш ба тое мезанад.

Дуд аз оташ меравад, хун аз қатил,
Саъдӣ ин дам ҳам зи ҷое мезанад.


1 Он ки кори беҳуда кунад.
2 Акнун.