Сармаст зи кошона ба гулзор баромад

214

Сармаст зи кошона ба гулзор баромад,
Ғулғул зи гулу лола ба якбор баромад.

Мурғони чаман наъразанон дидаму гӯён
З-ин ғунча, ки аз тарфи чаманзор баромад.

Об аз гули рухсораи ӯ акс пазируфт,
В-оташ ба сари ғунчаи гулнор баромад.

Саҷҷоданишине, ки муриди ғами ӯ шуд,
Овозааш аз хонаи хаммор баромад.

Зоҳид чу каромоти бути орази ӯ дид,
Аз чилла миёнбаста ба зуннор баромад.

Бар хок чу ман бедилу девона нишондаш,
Андар назари ҳар кӣ паривор баромад.

Ман муфлис аз он рӯз шудам, к-аз ҳарами ғайб
Дебои ҷамоли ту ба бозор баромад.

Коми дилам он буд, ки ҷон бар ту фишонам,
Он ком муяссар шуду ин ком баромад.

Саъдӣ чаман он рӯз ба тороҷи хазон дод,
К-аз боғи дилаш бӯи гули ёр баромад.