Солҳо пайравии мазҳаби риндон кардам

319

Солҳо пайравии мазҳаби риндон кардам,
То ба фатвои хирад ҳирс ба зиндон кардам.

Ман ба сарманзили анқо на ба худ бурдам роҳ,
Қатъи ин марҳала бо мурғи Сулаймон кардам.

Сояе бар дили решам фикан, эй ганҷи равон,
Ки ман ин хона ба савдои ту вайрон кардам.

Тавба кардам, ки набӯсам лаби соқию кунун
Мегазам лаб, ки чаро гӯш ба нодон кардам.

Аз хилофомади одат биталаб ком, ки ман
Касби ҷамъийят аз он зулфи парешон кардам.

Нақши мастурию мастӣ на ба дасти ману туст,
Он чи султони азал гуфт, бикун, он кардам.

Дорам аз лутфи азал ҷаннати фирдавс тамаъ,
Гарчи дарбонии майхона фаровон кардам.

Ин ки пиронасарам суҳбати Юсуф бинавохт,
Аҷри сабрест, ки дар кулбаи аҳзон кардам.

Субҳхезию саломатталабӣ чун Ҳофиз,
Ҳар чӣ кардам, ҳама аз давлати Қуръон кардам.

Гар ба девони ғазал садрнишинам, чӣ аҷаб?
Солҳо бандагии соҳиби девон кардам.