То кай равам аз ишқи ту шӯрида ба ҳар сӯй

628

То кай равам аз ишқи ту шӯрида ба ҳар сӯй,
То кай давам аз шӯри ту девона ба ҳар кӯй?

Сад наъра ҳамеоядам аз ҳар буни мӯе,
Худ дар дили сангини ту нагрифт сари мӯй.

Бар ёди буногӯши ту бар бод диҳам ҷон,
То бод магар пеши ту бар хок ниҳад рӯй.

Саргашта чу чавгонаму дар пои самандат
Меафтаму мегардам чун гӯй ба паҳлӯй.

Худ куштаи абрӯи туам ман ба ҳақиқат,
Гар куштаниям, боз бифармой ба абрӯй.

Онон, ки ба гесӯ дили ушшоқ рабуданд,
Аз дасти ту дар пой фитоданд чу гесӯй.

То ишқи сарошӯби ту ҳамзонуи мо шуд,
Сар барнагирифтам ба вафои ту зи зонуй.

Берун нашавад ишқи туам то абад аз дил,
К-андар азалам ҳирзи ту бастанд ба бозӯй.

Ишқ аз дили Саъдӣ ба маломат битавон бурд,
Гар ранг тавон бурд ба об аз рухи ҳиндуй.