Турфа медоранд ёрон сабри ман бар доғу дард

162

Турфа1 медоранд ёрон сабри ман бар доғу дард,
Доғу дарде, к-аз ту бошад, хуштар аст аз боғи вард.

Дӯстонатро, ки доғи меҳрбонӣ дил бисӯхт,
Гар ба дӯзах бигзаронӣ, оташе бинанд сард.

Ҳокимӣ, гар адл хоҳӣ кард бо мо ё ситам,
Бандаем, ар сулҳ хоҳӣ ҷуст бо мо ё набард.

Ақлро бо ишқи хубон тоқати сарпанҷа нест,
Бо қазои осмонӣ барнатобад ҷаҳди мард.

Офият мебоядат, чашм аз накӯрӯён бидӯз,
Ишқ меварзӣ, бисоти некномӣ дарнавард!

Заҳраи мардон надорӣ, чун занон дар хона бош,
В-ар ба майдон меравӣ, аз тирборон бармагард!

Ҳамли раъноӣ макун бар гиряи соҳибсамоъ,
Аҳли дил донад, ки то захме нахурд, оҳе накард.

Ҳеч касро бар ман аз ёрони малис дил насӯхт,
Шамъ мебинам, ки ашкаш меравад бар рӯи зард.

Бо шикоятҳо ки дорам аз зимистони фироқ,
Гар баҳоре боз бошад, лайса баъда-л-вард бард.2

Ҳар киро дарде чу Саъдӣ мегудозад, гӯ, манол,
Чун дилоромаш табибӣ мекунад, доруст дард.


1 Шигифту нав.
2 Бо омадани гул сармое даркор нест.


?>