Ту он маҳӣ, ки барад хиҷлат офтоб аз ту

Ту он маҳӣ, ки барад хиҷлат офтоб аз ту,
Ту он гулӣ, ки шавад ғунча дар ниқоб аз ту.

Дилам, ки ишқ бар ӯ сад дари бало бикшод,
Рухи умед натобад ба ҳеҷ боб аз ту.

Ҳамеша одати шоҳон бувад иморати мулк,
Чӣ ҳикмат аст, ки шуд мулки дил хароб аз ту.

Инони сабр шуд аз каф дар ин ҳавас, ки гаҳе
Расам ба давлати побӯс чун рикоб аз ту.

Макун шитоб ба рафтан, ки меравад ҷонам,
Агарчи умрию набвад аҷаб шитоб аз ту.

Ба ҳар салом макун ранҷа дар ҷавоб он лаб,
Ки сад саломи маро бас яке ҷавоб аз ту.

Чу қатли Ҷомии мискин савоб медонӣ,
Чунон макун, ки шавад фавт ин савоб аз ту.