Фироқро диле аз санг сахттар бояд

279

Фироқро диле аз санг сахттар бояд,
Маро дилест, ки бо шавқ барнамеояд.

Ҳанӯз бо ҳама бадаҳдият дуо гӯям,
Биё, в-агар ҳама дашном медиҳӣ, шояд.

Агарчи, ҳар чӣ ҷаҳонат, ба дил харидоранд,
Манат ба ҷон бихарам, то касе наяфзояд.

Бикуш, чунон ки тавонӣ, ки бандаро нарасад
Хилофи он чи Худовандгор фармояд.

На зиндаро ба ту майл асту меҳрбонию бас,
Ки мурдаро ба насимат равон биёсояд.

Мапурс куштаи шамшери ишқро, чунӣ?
Чунон ки ҳар кӣ бибинад, бар ӯ бибахшояд.

Падар, ки чун ту ҷигаргӯша аз Худо мехост,
Хабар надошт, ки дигар чӣ фитна мезояд.

Тавонгаро, дари раҳмат ба рӯи дарвешон
Мабанду гар ту бибандӣ, Худой бикшояд.

Ба хуни Саъдӣ агар ташнаӣ, ҳалолат бод,
Ту дер зӣ, ки маро умр худ намебояд.