Хуррам он рӯз, к-аз ин манзили вайрон биравам

359

Хуррам он рӯз, к-аз ин манзили вайрон биравам,
Роҳати ҷон талабам в-аз пайи ҷонон биравам.

Гарчи донам, ки ба ҷое набарад роҳи ғариб,
Ман ба бӯйи сари он зулфи парешон биравам.

Дилам аз ваҳшати зиндони Сикандар бигирифт,
Рахт барбандаму то мулки Сулаймон биравам.

Чун сабо бо тани бемору дили бетоқат
Ба ҳаводории он сарви хиромон биравам.

Дар раҳи ӯ чу қалам гар ба сарам бояд рафт,
Бо дили захмкашу дидаи гирён биравам.

Назр кардам, гар аз ин ғам бадар оям рӯзе,
То дари майкада шодону ғазалхон биравам.

Ба ҳаводории ӯ заррасифат рақскунон
То лаби чашмаи хуршеди дурахшон биравам.

Тозиёнро ғами аҳволи гаронборон нест,
Порсоён, мададе, то хушу осон биравам.

В-ар чу Ҳофиз набарам раҳ зи биёбон берун,
Ҳамраҳи кавкабаи Осафи даврон биравам.