Шарҳи ғазал: «Дӯш дидам, ки малоик дари майхона заданд»

Ғазали дувоздаҳум

1. Дӯш дидам1, ки малоик2 дари майхона3 заданд,
Гили Одам4 бисириштанду5 ба паймона6 заданд.

2. Сокинони7 ҳарами8 ситру9 ифофи10 малакут11
Бо мани роҳнишин12 бодаи мастона13 заданд.

3. Осмон14 бори амонат15 натавонист кашид,
Қуръаи кор16 ба номи мани девона17 заданд.

4. Ҷанги ҳафтоду ду миллат18 ҳамаро узр бинеҳ19,
Чун надиданд ҳақиқат20, раҳи афсона21 заданд.

5. Шукри Эзад22, ки миёни ману ӯ сулҳ уфтод,
Сӯфиён23 рақскунон соғари шукрона24 заданд.

6. Оташ он нест, ки аз шуълаи ӯ хандад шамъ25,
Оташ он аст, ки дар хирмани парвона заданд.

7. Кас чу Ҳофиз накушод аз рухи андеша26 ниқоб,
То сари зулфи суханро27 ба қалам шона заданд.

Вазн: Баҳри рамал мусаммани махбуни мақсур.

Қофия: майхона, паймона, мастона, девона…

Радиф: заданд.

Луғат:

1. Дӯш дидам: шаби гузашта, вале дар шеъри Ҳофиз ба замони мушаххас ишора намешавад. Дар ин байт ишора ба рӯзи азал, ба рӯзест, ки Худованд нахустин инсонро меофарад. Дидан низ ин ҷо на ба чашми сар, балки ба чашми дил, чашми ботин аст. Ба таъбири дигар, шабе ё саҳаргаҳе аст, ки нури маърифат дар дили шоири ориф метобад ва ӯ бо чашми ботин ба мушоҳида мерасад.

2. Малоик: фариштаҳо.

3. Майхона: дар луғат ба маънии шаробхона ва дар адабиёти ирфонӣ ботини орифи комил аст, ки дар он шавқу завқ ва маорифи илоҳӣ бисёр бошад, ҳамчунин майхонаро «маҳалли муноҷоти банда бо Ҳақ ба тариқи муҳаббат» маънӣ кардаанд, дар ин байт истиора аз замин аст

4. Гили Одам: ишора аст ба хилқати Одам аз гил, ки дар Қуръон борҳо ишора шудааст.

5. Сириштан: омехта, махлут кардан, хамир кардан.

6. Паймона: дар луғат ба маънии зарфи андозагирӣ аст ва низ ба маънии ҷоми шароб меояд; ба паймона задан: ба қолиб рехтан, ҳамоҳанг сохтан.

7. Сокинон: бошандагон.

8. Ҳарам: манзил, макони муқаддас.

9. Ситр: пӯшида, пинҳон.

10. Ифоф: пок.

11. Малакут: олами ғайб, мавҷудоти ғайри моддӣ.

12. Роҳнишин: гадо, хоксор, хокӣ.

13. Бодаи мастона: шаробе, ки худ маст аст, истиора аз ғалаботи ишқ.

14. Осмон: киноя аз олами малакут, фариштагон.

15. Бори амонат: талмеҳ аз сураи «Аҳзоб» ояти 72: «Мо бори амонатро ба осмонҳо ва замин арза доштем, ҳама аз бардоштани ин бор шона холӣ карданд ва ҳаросон шуданд, вале Инсон ба зери ин бор рафт, чи ситамкашу ноогоҳ буд». Муфассирон бори амонатро чанд гуна тафсир додаанд, гурӯҳе онро Қуръон, баъзе ақл, шинохт ва иддае рӯҳи илоҳӣ гуфтаанд, ки Худованд онро танҳо ба инсон дамид, вале бештари орифон онро ишқ медонанд, ки хоси инсон аст.

16. Қуръаи кор: мурод бардошт, таҳаммули бори амонат.

17. Мани девона: мурод ҳазрати Одам, ки бори амонатро қабул кард.

18. Ҳафтоду ду миллат: талмеҳ аз ҳадиси набавӣ: «Ҳамоно уммати ман пас аз ман ба ҳафтоду се фирқа пароканда хоҳанд шуд. Фирқае аз онҳо растагору ҳафтоду ду фирқаи дигар дар дӯзах хоҳанд буд». Миллат ин ҷо ба маънии дину ойин ва ҳафтоду ду миллат ишора ба мазҳабҳои гуногун дар дини ислом аст.

19. Узр ниҳодан: узр пазируфтан.

20. Ҳақиқат: дар ирфон зуҳури зоти Ҳақ, дар шеъри Ҳофиз ҳақиқати ишқ аст, ки аз ҳама мазҳабҳо болост.

21. Раҳи афсона: роҳи дурӯғ, нодуруст, суханони беасос.

22. Шукри Эзад: шукри Худованд.

23. Сӯфиён: пайравони тариқати тасаввуф.

24. Соғари шукрона: ҷоми шаробе ба шукрона нӯшидан.

25. Хандаи шамъ: киноя аз равшан шудани шамъ.

26. Зулфи сухан: сухан ба зулф монанд шудааст, то ба воситаи шонаи қалам ороиш дода шавад.

Дар ин ғазал сухан аз офариниши инсон ва бори амонати асрори ғайб меравад, ки фариштагон аз дарку таҳаммули он оҷиз монданд. Инсон, ки рӯҳи Ҳақ дар пайкари хокии вай аст, ин бори амонатро ба дӯш гирифт ва мақому манзалаташ дар назди Худованд аз фариштагон ҳам баландтар шуд.

Маънии байти 1: «Шаби гузашта, ки мушоҳида даст дода буд, кору бори офариниши инсонро дар олами шуҳуд дарёфтам ва пай бурдам, ки хамирмояи аслии инсон ишқ аст (омехтагии гили одам бо шароб – ба қаринаи майхонаву паймона ва шароб муҳимтарин истиораи ирфонӣ аз ишқ аст)».

Маънии байти 2: Сокинони ҳарами поки олами ғайб, ҳамон хилватиёни малакут бо мани хокӣ ҳампиёла шуданд.

Маънии байти 3: Фариштагон натавонистанд бори амонати илоҳиро таҳаммул кунанд, қуръа ба номи мани ошиқи заҳматкаш афтод ва бардоштани ин бор насиби мани хокӣ гардид.

Маънии байти 4: Ҷангу ҷидол ва баҳсу мунозираи ҳафтоду ду мазҳабро канор гузору бибахш, зеро онҳо чун роҳи ҳақикатро наёфтанд, оҳанги афсонасароӣ соз карданд.

Маънии байти 5: Шукри Худованд, ки охируламр ба ҳақиқат расидаму миёни ману маъшуқ сулҳ барқарор шуд. Соликони тариқат ба хотири ин оштӣ ба самоъ бархостанду шароби шукрона нӯшиданд.

Маънии байти 6: Оташи ҳақиқӣ он нест, ки аз шуълаи вай шамъ равшан мешавад (дар мегирад), балки оташи ҳақиқӣ ишқ аст, ки дар вуҷуди парвона қарор дорад. Парвонаи ошиқ ба гирди шуълаи шамъ мегардад ва оқибат вуҷуди худро месӯзонад.

Маънии байти 7: Аз замоне, ки шеър пайдо шуду шоирон бо қалам ба ороишу перостани сухан пардохтанд, касе ба монанди Ҳофиз маънии олиро бо камоли балоғату фасоҳат ба тасвир наовард.