Шарҳи ғазал: «Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз»

Ғазали сездаҳум

1. Хезу дар косаи зар1 оби тарабнок андоз2,
Пештар з-он ки шавад косаи сар хок, андоз!

2. Оқибат манзили мо водии хомӯшон3 аст,
Ҳолиё4 ғулғула дар гунбади афлок5 андоз!

3. Чашми олуданазар6 аз рухи ҷонон7 дур аст,
Бар рухи ӯ назар аз оинаи пок8 андоз!

4. Бар сари сабзи9 ту, эй сарв, ки гар хок шавам10,
Ноз11 аз сар биниҳу соя бар ин хок андоз12!

5. Дили моро, ки зи мори сари зулфи13 ту бихаст14,
Аз лаби худ ба шифохонаи15 тарёк16 андоз!

6. Мулки17 ин мазраа18 донӣ, ки суботе19 надиҳад,
Оташе аз ҷигари ҷом20 дар афлок андоз!

7. Ғусл дар ашк задам21, к-аҳли тариқат22 гӯянд,
Пок шав аввалу пас дида бар он пок23 андоз!

8. Ё Раб, он зоҳиди худбин, ки ба ҷуз айб надид,
Дуди оҳеш24 дар оинаи идрок25 андоз!

9. Чун гул аз накҳати26 ӯ ҷома қабо кун27, Ҳофиз
В-ин қабо дар раҳи он қомати чолок28 андоз!

Вазн: Баҳри рамал мусаммани махбуни аслами мусаббағ.

Қофия: тарабнок, хок, афлок, пок…

Радиф: андоз.

Луғат:

1. Косаи зар: косаи зарин, ҷоми зарин; «косаи зар» бо «косаи сар» илова бар он ки таҷнис шуда, иртиботи маъноӣ низ дорад, шоҳон аз косаи сари душманонашон баъд аз ғолиб омадан ҷоми шаробнӯшӣ месохтаанд ва аҷибтар он аст, ки косаи сари душмани кушташударо бо зар (тилло) рӯпӯш мекардаанд.

2. Оби тарабнок: киноя аз шароб.

3. Водии хомӯшон: киноя аз гӯристон.

4. Ҳолиё: ҳоло, акнун, ҳозир.

5. Гунбади афлок: гунбади осмон, фалак ба гунбад монанд шудааст.

6. Чашми олуданазар: чашми нопок, чашме, ки назари ибрат надорад; орифон назарро ба рӯйи зебо ду гуна медонанд: назари шаҳват ва назари ибрат, назари шаҳват гуноҳ аст, аммо назари ибрат мумкин аст.

7. Ҷонон: маҳбуба, маъшуқа, дӯст.

8. Оинаи пок: истиора аз чашми пок, дили пок, чашме, ки назари ибрат дорад

9. Сари сабз: киноя аз хушию хуррамӣ, равнақ, сари сабз иҳом дорад:1) хушу хуррам, тарру тозагии айш, 2) сабзии гиёҳи сарв аст. Сарв истиора аз ёри баландқомат аст.

10. Хок шудан: иҳом дорад: а) мурдан, б) киноя аз хоксорию фурӯтанӣ, ҳеч будан.

11. Ноз: ишва, карашма, беилтифотӣ.

12. Соя бар чизе андохтан: киноя аз таваҷҷуҳ ва илтифот ба касе кардан.

13. Мори сари зулф: киноя аз зулфи пурпечутоб, сиёҳӣ ва пурпечутобии зулф ба мор ташбеҳ шудааст.

14. Бихаст: озурд, маҷрӯҳ кард.

15. Шифохона: бемористон.

16. Тарёк: дору ба зидди заҳр, подзаҳр. Лаби ёр ба шифохона ва бӯса ба дору монанд шудааст.

17. Мулк: ҳукмронӣ, салтанат.

18. Мазраа: киштзор, ин ҷо истиора аз дунё.

19. Субот: устуворӣ, пойдорӣ.

20. Ҷигари ҷом: истиора аз шароб

21. Ғусл дар ашк задан: киноя аз худро пок кардан, аз гуноҳ тавба кардан.

22. Тариқат: дар луғат ба маънии роҳу равиш, дар истилоҳи тасаввуф ба маҷмӯаи амалҳое гуфта мешавад, ки барои тазкияву тасфияи рӯхи солик анҷом мегирад, то сабаби шинохти Ҳақ гардад.

23. Пок: «пок»-и аввал сифат аст, яъне поку тоза шудан, аммо поки дуюм исм, истиора аз ҷонон аст.

24. Дуди оҳ: оҳ ба дуд монанд шудааст.

25. Оинаи идрок: фаҳму идрок ба оина монанд шудааст, истиора аз дил ва чашм аст.

26. Накҳат: бӯйи хуш.

27. Ҷома қабо кардан: киноя аз чок кардан, даррондани ҷома, яке аз русуми орифон аст, ки ҳангоми самоъ хирқа дар тан медариданду ба сӯйи пир ё қаввол мепартофтанд ва ҳамчунин вақте ки асроре ба онҳо кашф мешуда «хирқа аз сар бадар меоварданду ба шукрона месӯхтанд».

28. Қомати чолок: истиора аз қади баланду зебои маъшуқа.

Маънии байти 1: Пештар аз он ки аз ин ҷаҳон биравему касаи сари мо ба хок мубаддал шавад ва «бо садҳазорсолагон баробар» шавем, бархезу ба ҷоми зарин шароб бирез, то умр ба хушнудӣ бигзаронем.

Маънии байти 2: Саранҷом манзили мо гӯристон хоҳад буд, акнун ки зиндаем, чунон бояд зиндагӣ кард, ки сару садои шодии мо то ба осмонҳо бирасад. Яъне, тарзе зиндагӣ кунем, ки фариштагон бар мо ҳасад баранду рашк кунанд.

Маънии байти 3: Чашми нопок аз файзи дидори ҷонон бенасиб аст, ба рухи ӯ бо чашми дил назар кун, на аз рӯйи ҳавову ҳавас. Ба таъбири дигар, ба чеҳраи зебои маъшуқи азалӣ танҳо бо чашми ибрату дили пок метавон назар кард, оне, ки олуданазар асту назари ибрат надорад, наметавонад рухсораи зебои ёрро бибинад.

Маънии байти 4: Савганд ба қомати баланду зебои ту, эй маҳбуби азаливу абадӣ, маро, ки дар ин дунё висоли ту дастрас нашуд, чун аз ин ҷаҳон бирафтам, нозу карашмаро як сӯ гузору бар сари турбати ман гузаре кун.

Маънии байти 5: Эй маҳбубаи азизи ман, дили моро, ки аз сари зулфи моросои печони ту захм хӯрдааст, бо марҳами бӯсае аз лаби ширинат дармон кун.

Маънии байти 6: Ин дунё ҳеч арзише надораду дар айни нобудист, хубтар аст дар фикри мақому мартаба набошию умри кӯтоҳро бо хушиву хурсандӣ гузаронӣ.

Маънии байти 7: Дар тариқати ишқ дарду ранҷи зиёде кашидам ва бо оби чашм зоҳиру ботини худро пок кардам, то тавонам ба чеҳраи тобони маъшуқи азаливу абадӣ назар афканам.

Маънии байти 8: Ҳофиз аз Худованд мехоҳад ба зоҳиди худбин дарди ишқ диҳад то тавассути оҳ аз дарди ишқ дар ойинаи фаҳму идроки ӯ, яъне дар шахсияти вай асар кунад ва аз худбинӣ ва худпарастӣ берун ояд.

Маънии байти 9: Эй Ҳофиз, бо шамидани бӯйи хуши зулфи маъшуқа ҷомаро монанди гул дар тан пора кун ва ба зери қадами он маҳбубаи зебову ширинҳаракот бияндоз!