Ёд медорӣ, ки бо ман ҷанг дар сар доштӣ

528

Ёд медорӣ, ки бо ман ҷанг дар сар доштӣ,
Рой рои туст, хоҳӣ, ҷангу хоҳӣ, оштӣ.

Нек бад кардӣ шикастан аҳди ёри меҳрбон,
Ин батар кардӣ, ки бад кардию нек ангоштӣ.

Дӯстон душман гирифтан ҳаргизат одат набуд,
Ҷуз дар ин навбат, ки душман дӯст мепиндоштӣ.

Хотирам нагзошт як соат, ки бадмеҳрӣ кунам,
Гарчи донистам, ки пок аз хотирам бигзоштӣ.

Ҳамчунонат нохуни рангин гувоҳӣ медиҳад,
Бар сарангуштон, ки дар хуни азизон доштӣ.

То ту баргаштӣ, наёмад ҳеч халқам дар назар,
К-аз хаёлат шаҳнае1 бар нозирам бигмоштӣ.

Ҳар чӣ хоҳӣ, кун, ки моро бо ту рӯи ҷанг нест,
Сар ниҳодан беҳ дар он мавзеъ, ки теғ афроштӣ.

Ҳар дам аз шохи забонам меваи тар марасад,
Бӯстонҳо руст аз он тухмам, ки дар дил коштӣ.

Саъдӣ аз уқбову дунё рӯй дар девор кард,
То ту дар девори фикраш нақши худ бингоштӣ.


1 Нигаҳбони шаҳр.