Сустпаймоно, ба як раҳ дил зи мо бардоштӣ

529

Сустпаймоно, ба як раҳ дил зи мо бардоштӣ,
Охир, эй бадаҳди сангиндил, чаро бардоштӣ?

Навъи тақсире тавонад буд, эй султони ишқ,
То ба як раҳ сояи лутф аз гадо бардоштӣ?

Гуфта будам, бо ту дархоҳам кашидан ҷоми васл,
Ҷуръае нохурда, шамшери ҷафо бардоштӣ.

Хотир аз меҳри касон бардоштам аз баҳри ту,
Чун туро гаштам, ту худ хотир зи мо бардоштӣ.

Лаъл дидӣ, лоҷарам чашм аз шаба бардӯхтӣ,
Дур писандидию даст аз каҳрабо бардоштӣ.

Шамъ бар кардӣ, чароғат боз н-омад дар назар,
Гул фаро даст омадат, меҳр аз гиё бардоштӣ.

Дӯст бардорад ба ҷурме ё хатое дил зи дӯст,
Ту хато кардӣ, ки бе ҷурму хато бардоштӣ.

Умрҳо дар зери доман буд, Саъдӣ, пои сабр,
Сар надидам, к-аз гиребони вафо бардоштӣ.