Эй бод, ки бар хоки дари дӯст гузаштӣ

527

Эй бод, ки бар хоки дари дӯст гузаштӣ,
Пиндорамат, аз равзаи бустони биҳиштӣ.

Дур аз сабабе нест, ки шӯридаи савдо
Ҳар лаҳза чу девона давон бар дару даштӣ.

Боре магарат бар рухи ҷонон назар афтод,
Саргашта чу ман дар ҳама офоқ бигаштӣ.

Аз каф надиҳам домани маъшуқаи зебо,
Ҳил, то биравад номи ман, эй ёр, ба зиштӣ!

Ҷуз ёди ту бар хотири ман нагзарад, эй ҷон,
Бо он ки ба якбораам аз ёд биҳиштӣ.

Бо табъи малулат чӣ кунад дил, ки насозад?
Шурта1 ҳама вақте набувад лоиқи киштӣ.

Бисёр гузаштӣ, ки накардӣ суи мо чашм,
Як дам нанишастам, ки ба хотир нагузаштӣ.

Шӯхе шакаралфозу маҳе лолабуногӯш,
Сарве суманандому буте ҳурсириштӣ.

Қуллоб ту дар кас нафикандӣ, ки набурдӣ,
Шамшер ту бар кас нафикандӣ, ки накуштӣ.

Селоби қазо настурад аз дафтари айём,
Инҳо, ки ту бар хотири Саъдӣ бинавиштӣ.


1 Боди мувофиқи ҳаракати киштӣ.