Таъолаллаҳ, чӣ рӯй аст он, ки гӯӣ офтобастӣ

526

Таъолаллаҳ, чӣ рӯй аст он, ки гӯӣ офтобастӣ,
В-агар маҳро ҳаё будӣ, зи шармаш дар ниқобастӣ.

Агар гулро назар будӣ чу наргис, то ҷаҳон бинад,
Зи шарми ранги рухсораш чу нилуфар дар обастӣ.

Шабон хобам намегирад, ба рӯз орому осоиш,
Зи чашми масти майгунаш, ки пиндорӣ, ки хобастӣ.

Гар он шоҳид, ки ман донам, ба ҳар кас рӯй бинмояд,
Фақир аз рақс дар ҳолат, хатиб аз май харобастӣ.

Чунон мастам, ки пиндорӣ, намонд уммеди ҳушёрӣ,
Ба ҳуш боз омадӣ маҷнун, агар масти шаробастӣ.

Гар он соъид, ки ӯ дорад, будӣ бо Рустами Дастон,
Ба як соат бияфкандӣ, агар Афросиёбастӣ.

Биёр, эй луъбати соқӣ, агар талх асту гар ширин,
Ки аз дастат шакар бошад, в-агар худ заҳри нобастӣ.

Камоли ҳусни рӯятро мухолиф нест, ҷуз хӯят,
Дареғо он лаби ширин, агар ширинҷавобастӣ.

Агар донӣ, ки то ҳастам, назар бо ҷуз ту пайвастам,
Пас, он гаҳ бар мани мискин ҷафо кардан савобастӣ.

Замини ташнаро борон набудӣ баъд аз ин ҳоҷат,
Агарчандон ки дар чашмам сиришк андар саҳобастӣ1.

Зи хокам рашк меояд, ки бар сар мениҳӣ пояш,
Ки Саъдӣ зери наълайнат чӣ будӣ, гар туробастӣ2?!


1 Абр.
2 Хок.