Қимати гул биравад, чун ту ба гулзор оӣ

494

Қимати гул биравад, чун ту ба гулзор оӣ,
В-оби ҳайвон бичакад, чун ту ба гуфтор оӣ.

Ин ҳама ҷилваи товусу хиромидани кабк
Бори дигар накунад, гар ту ба рафтор оӣ.

Чанд бор, охират, эй дил, ба насиҳат гуфтам?
Дида бардӯз, набояд ки гирифтор оӣ.

Маҳ чунин хуб набошад, ту магар хуршедӣ?
Дил чунин сахт набошад, ту магар хороӣ?

Гар ту сад бор биёӣ ба сари куштаи ишқ,
Чашм бошад мутарассид1, ки дигар бор оӣ.

Сипар аз теғи ту дар рӯй кашидан наҳй аст,
Ман хусумат накунам, гар ту ба пайкор оӣ.

Кас намонад, ки ба дидори ту волеҳ2 нашавад,
Чун ту, луъбат, зи паси парда падидор оӣ.

Дигар, эй бод, ҳадиси гулу сунбул накунӣ,
Гар бар он сунбули зулфу гули рухсор оӣ.

Дӯст дорам, ки касат дӯст надорад ҷуз ман,
Ҳайф бошад, ки ту дар хотири ағёр оӣ.

Саъдиё, духтари анфоси ту бас дил бибарад,
Ба чунин сурату маънӣ, ки ту меороӣ.


1 Умедвор, мунтазир.
2 Шефта, шайдо.