Ҳар шаб аз оташи рухсори ту сӯзам чу чароғ

Ҳар шаб аз оташи рухсори ту сӯзам чу чароғ,
Равад аз фикри сари зулфи ту дудам ба димоғ.

Сӯзам аз рашк, чу сӯзад касе аз доғи ғамат,
Ҳар кас аз доғи ғаме сӯзаду ман аз ғами доғ.

Соя бар орази гулранги ту андохта зулф,
Бар гулу лола зи пар чатри сияҳ сохта зоғ.

Мавсими гул дари боғам чӣ кушоянд ба рӯй?
Ғунчае нест дили ман, ки кушояд дар боғ!

Пой бардоштам аз домани ҳар шуғл, ки буд,
То ба ёди ту нишинам паси зонуи фароғ.

Бӯйи пероҳанат аз боди сабо меҷустам,
Ба гиребони гулу ҷайби суман дод суроғ.

Ҷомӣ аз нутқ забон баст, чу нашносад кас,
Нуктаи тӯтии шаккаршикан аз коғи1 кулоғ?


1 Коғ – овози зоғ.