Ҳафтае меравад аз умру ба даҳ рӯз кашид

273

Ҳафтае меравад аз умру ба даҳ рӯз кашид,
К-аз гулистони сафо бӯи вафое надамид.

Он ки баргашту ҷафо карду ба ҳечам бифурӯхт,
Ба ҳама оламаш аз ман натавонанд харид.

Ҳар чӣ з-он талхтар андар ҳама олам набувад,
Гӯ, бигӯ аз лаби ширин, ки латиф асту лазиз.

Гар ман аз хор битарсам, набарам домани гул,
Ком дар коми наҳанг аст, бибояд талабид.

Марав, эй дӯст, ки мо бе ту нахоҳем нишаст,
Мабур, эй ёр, ки мо аз ту нахоҳем бурид.

Аз ту бо маслиҳати хеш намепардозам,
Ки муҳол аст, ки дар худ нигарад, ҳар кӣ ту дид.

Офарин кардану дашном шунидан саҳл аст,
Чӣ аз он беҳ, ки бувад бо ту маро гуфтушунид?

Ҷаҳди бисёр бикардам, ки нагӯям ғами дил,
Оқибат ҷон ба даҳон омаду тоқат бирасид.

Охир, эй мутриб, аз ин пардаи «Ушшоқ»1 бигард,
Чанд гӯӣ, ки маро парда ба чанги ту дарид?

Ташнагонат ба лаб, эй чашмаи ҳайвон, мурданд,
Чанд чун моҳии бар хушк тавонанд тапид?

Сухани Саъдӣ бишнав, ки ту худ зебоӣ,
Хоса он вақт, ки дар гӯш кунӣ марворид.


1 Номи пардаву мақомест дар мусиқӣ.


?>