Он ки нақше дигараш ҷое мусаввар мешавад

272

Он ки нақше дигараш ҷое мусаввар мешавад,
Нақши ӯ дар чашми мо ҳар рӯз хуштар мешавад.

Ишқ, донӣ, чист? Султоне ки ҳар ҷо хайма зад,
Бехилоф он мамлакат бар вай муқаррар мешавад.

Дигаронро талх меояд шароби ҷаври ишқ,
Мо зи дасти дӯст мегирему шаккар мешавад.

Дил зи ҷон баргиру дар бар гир ёри меҳрбон,
Гар бад-ин миқдорат он давлат муяссар мешавад.

Ҳаргизам дар сар набуд андешаи савдо, валек
Пил агар дар банд меафтад, мусаххар мешавад.

Айшҳо дорам дар ин оташ, ки бинӣ дам ба дам,
К-андарунам гарчи месӯзад, мунаввар мешавад.

То напиндорӣ, ки бо дигар касам хотир хуш аст,
Зоҳирам бо ҷамъу хотир ҷои дигар мешавад.

Ғайратам гӯяд, нагӯям бо ҳарифон рози хеш,
Боз мебинам, ки дар офоқ дафтар мешавад.

Оби шавқ аз чашми Саъдӣ меравад бар дасту хат,
Лоҷарам чун шеър меояд, сухан тар1 мешавад.

Қавли матбӯъ аз даруни сӯзнок ояд, ки ӯ
Чун ҳамесӯзад ҷаҳон аз вай муаттар мешавад.

1 Обдору латифу шодоб.