Агар ба мазҳаби ту хуни ошиқ аст мубоҳ

98

Агар ба мазҳаби ту хуни ошиқ аст мубоҳ,
Салоҳи мо ҳама он аст, к-он турост салоҳ.

Саводи зулфи сиёҳи ту ҷоъилуззулумот,
Баёзи рӯйи чу моҳи ту фолиқуласбоҳ.

Зи чини зулфи камандат касе наёфт халос,
Аз он камончаи абрӯву тири чашм наҷоҳ!

Зи дидаам шуда як чашма дар канор равон,
Ки ошино накунад дар миёни он маллоҳ.

Лаби чу оби ҳаёти ту ҳаст қуввати ҷон,
Вуҷуди хокии моро аз ӯст зикри равоҳ.

Бидод лаъли лабат бӯсае ба сад зорӣ,
Гирифт коми дилам з-ӯ ба сад ҳазор илҳоҳ.

Дуои ҷони ту вирди забони муштоқон,
Ҳамеша, то ки бувад муттасил масову сабоҳ.

Салоҳи тавбаву тақво зи мо маҷӯ, Ҳофиз,
Зи ринду ошиқу маҷнун касе наёфт салоҳ.