Дили ман дар ҳавои рӯйи фаррух

99

Дили ман дар ҳавои рӯйи фаррух
Бувад ошуфта ҳамчун мӯйи фаррух.

Ба ҷуз ҳиндуи зулфаш ҳеч кас нест,
Ки бархурдор шуд аз рӯйи фаррух.

Сиёҳи некбахт аст, он ки доим
Бувад ҳамрозу ҳамзонуйи фаррух.

Шавад чун бед ларзон сарви озод,
Агар бинад қади дилҷӯйи фаррух.

Бидеҳ, соқӣ, шароби арғавонӣ
Ба ёди наргиси ҷодуйи фаррух.

Дуто шуд қоматам ҳамчун камоне,
Зи ғам пайваста чун абрӯйи фаррух.

Насими мушки тоторӣ хиҷил кард
Шамими зулфи анбарбӯйи фаррух.

Агар майли дили ҳар кас ба ҷоест,
Бувад майли дили ман сӯйи фаррух.

Ғуломи ҳиммати онам, ки бошад
Чу Ҳофиз бандаву ҳиндуйи фаррух.