Агар дастам расад рӯзе, ки инсоф аз ту бистонам

414

Агар дастам расад рӯзе, ки инсоф аз ту бистонам,
Қазои аҳди мозиро шабе дасте барафшонам.

Чунонат дӯст медорам, ки гар рӯзе фироқ афтад,
Ту сабр аз ман тавонӣ карду ман сабр аз ту натвонам.

Дилам сад бор мегӯяд, ки чашм аз фитна бар ҳам неҳ,
Дигар раҳ дида меафтад бар он болои фаттонам.

Туро дар бӯстон бояд, ки пеши сарв биншинӣ,
В-агарна, боғбон гӯяд, ки дигар сарв наншонам.

Рафиқонам сафар карданд, ҳар ёре ба ақсое,
Хилофи ман, ки бигрифтаст доман дар муғелонам.

Ба дарёе дарафтодам, ки поёнаш намебинам,
Касеро панҷа афкандам, ки дармонаш намедонам.

Фироқам сахт меояд, валекин сабр мебояд,
Ки гар бигрезам аз сахтӣ, рафиқи сустпаймонам.

Мапурсам, дӯш чун будӣ ба торикию танҳоӣ?
Шаби ҳаҷрам чӣ мепурсӣ, ки рӯзи васл ҳайронам.

Шабон оҳиста менолам, магар дардам ниҳон монад,
Ба гӯши ҳар кӣ дар олам, расид овози пинҳонам.

Даме бо дӯст дар хилват беҳ аз сад сол дар ишрат,
Ман озодӣ намехоҳам, ки бо Юсуф ба зиндонам.

Ман он мурғи сухандонам, ки дар хокам равад сурат,
Ҳанӯз овоз меояд, ки Саъдӣ, дар гулистонам.