Он на рӯяст, ки ман васфи ҷамолаш донам

413

Он на рӯяст, ки ман васфи ҷамолаш донам,
Ин ҳадис аз дигаре пурс, ки ман ҳайронам.

Ҳама бинанд, на ин сунъ, ки ман мебинам,
Ҳама хонанд, на ин нақш, ки ман мехонам.

Он аҷаб нест, ки саргашта бувад толиби дӯст,
Аҷаб ин аст, ки ман восилу саргардонам.

Сарв дар боғ нишонанду туро бар сару чашм,
Гар иҷозат диҳӣ, эй сарви равон, биншонам.

Ишқи ман бар гули рухсори ту имрӯзӣ нест,
Дер сол аст, ки ман булбули ин бустонам.

Ба сарат, к-аз сари паймони муҳаббат наравам,
Гар бифармоӣ рафтан ба сари пайконам.

Бош, то ҷон биравад дар талаби ҷононам,
Ки ба коре беҳ аз ин бознаёяд ҷонам.

Ҳар насиҳат, ки кунӣ, бишнавам, эй ёри азиз,
Сабрам аз дӯст мафармой, ки ман натвонам.

Аҷаб аз табъи ҳавасноки манат меояд,
Ман худ аз мардуми бетабъ аҷаб мемонам.

Гуфта будӣ, ки бувад дар ҳама олам Саъдӣ,
Ман ба худ ҳеч наям, ҳар чӣ ту гӯӣ, онам.

Гар ба ташрифи қабулат бинавозӣ, малакам,
В-ар ба тозонаи қаҳрам бизанӣ, шайтонам.