Агар мар туро сулҳ оҳанг нест

159

Агар мар туро сулҳ оҳанг нест,
Маро бо ту, ай ҷон, сари ҷанг нест!

Ту дар ҷанг ойӣ, равам ман ба сулҳ,
Худойи ҷаҳонро ҷаҳон танг нест!

Ҷаҳонест ҷангу ҷаҳонест сулҳ,
Ҷаҳони маъонӣ ба фарсанг нест!

Ҳам обу ҳам оташ бародар буданд,
Бибин, асли ҳар ду ба ҷуз санг нест!

Ки бе ин ду олам надорад низом,
Агар Рум хуб аст, бе Занг нест!

Маро ақл сад бор пайғом дод,
Хамуш кун, ки фахр аст, он нанг нест!