Агар ту парда бар ин зулфу рух намепӯшӣ

585

Агар ту парда бар ин зулфу рух намепӯшӣ,
Ба ҳадки1 пардаи соҳибдилон ҳамекӯшӣ.

Чунин қиёмату қомат надидаам ҳама умр,
Ту сарв ё баданӣ, шамс ё буногӯшӣ.

Ғуломи ҳалқаи симини гӯшвори туам,
Ки подшоҳи ғуломони ҳалқадаргӯшӣ.

Ба кунҷи хилвати покону порсоён ой,
Назора кун, ки чӣ мастӣ кунанду мадҳушӣ.

Ба рӯзгори азизон, ки ёд мекунамат
Аладдавом2, на ёде пас аз фаромӯшӣ.

Чунон мувофиқи табъи манию дар дили ман
Нишастаӣ, ки гумон мебарам, дар оғӯшӣ.

Чӣ некбахт касоне, ки бо ту ҳамсухананд,
Маро на заҳраи гуфту на сабри хомӯшӣ.

Рақиби номутаносиб чӣ аҳли суҳбати туст,
Ки табъи ӯ ҳама нешу ту сар ба сар нӯшӣ?

Ба тарбият ба чаман гуфтам, эй насими сабо,
Бигӯй, то надиҳад гул ба хори човушӣ3.

Ту сӯзи синаи мастон надидӣ, эй ҳушёр,
Чу оташет набошад, чӣ гуна барҷӯшӣ?

Туро ки дил набувад, ошиқӣ чӣ донӣ, чист?
Туро ки самъ набошад, самоъ нанюшӣ.

Вафои ёр ба дунёву дин мадеҳ, Саъдӣ,
Дареғ бошад Юсуф, ба ҳар чӣ бифрӯшӣ.


1 Пардадарӣ, расвоӣ.
2 Пайваста.
3 Пешвоии лашкар ва корвон.