Аз дасту забони кӣ барояд

Аз дасту забони кӣ барояд,
К-аз ӯҳдаи шукраш бадар ояд?

Аз дасти кӣ меояд ва забони чӣ касе қудрату тавоноии онро дорад, ки аз ӯҳдаи шукргузории ҳамаи неъматҳои Худованд барояд? (Чун дар ҳар нафасе ду неъмати илоҳӣ мавҷуд аст ва барои ҳар неъмати илоҳӣ шукре воҷиб аст ва илова бар нафас, Худованд боз ҳазорон неъмати дигарро барои инсон арзонӣ доштааст, ба сабаби маҳдуд будани қудрати забон, шукргузории ин ҳама неъматҳо аз тавоноии инсон хориҷ аст.

Чунон ки Мавлоно Румӣ дар ин маврид гуфтааст:

Гар бар тани ман забон шавад ҳар мӯе,
Як шукри Ту аз ҳазор натвонам гуфт.

Пас, инсон бояд ба қадри имкону тавоноии худ шукру сипосгузорӣ кунад).