Ай баски аз овози даш вомондаам з-ин роҳ ман

654

Ай баски аз овози даш вомондаам з-ин роҳ ман
В-ай бас, ки аз овози қаш гум кардаам хиргоҳ ман!

Кай вораҳонӣ з-ин қашам, кай вораҳонӣ з-ин дашам,
То даррасам дар давлатат дар моҳу хирмангоҳ ман?!

Ҳарчанд шодам дар сафар, дар дашту дар кӯҳу камар,
Дар ишқат, ай хуршедфар, дар гоҳу дар бегоҳ ман!

Лекин кушоди роҳ ку, дидору доди шоҳ ку?!
Хоса маро, ки сӯхтам дар орзуи шоҳ ман!

То кай хабарҳои шумо воҷӯям аз боди сабо?!
То кай хаёли моҳатон ҷӯям дар обу чоҳ ман?!

Чун боғ сад раҳ сӯхтам, боз аз баҳор омӯхтам,
Дар ҳар ду ҳолат волаам дар санъати Аллоҳ ман!