Ай бикарда рахти ушшоқон гарав

788

Ай бикарда рахти ушшоқон гарав,
Хун марез ин ошиқонрову марав!

Бар сари раҳ ту зи хун осор бин,
Ҳар тараф ту наъраи хунин шунав!

Гуфтам ин дилро, ки «чавгонаш бибин,
Гар яке гӯйӣ, дар он чавгон бидав!»

Гуфт дил, к-«андар хами чавгони ӯ
Куҳна гаштам сад ҳазорон бору нав!»

Кай ниҳон гардад зи чавгон гӯйи дил,
К-андар он саҳро на чоҳ асту на гав!».

Гурбаи ҷон — атсаи шери азал,
Шер ларзад, чун кунад он гурба мав!

Зарри кони Шамси Табрезист ин,
Соф бошад, гар биҷӯйӣ ҷав ба ҷав!