Ай дил, фурӯ рав дар ғамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ

174

Ай дил, фурӯ рав дар ғамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ,
То рӯ намояд марҳамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.

Чандон фурӯ хур андуҳон, то пешат ояд ногаҳон,
Курсиву арши аъзамаш, к -ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.

Хандон шав аз нури ҷаҳон, то ту шавӣ сури ҷаҳон,
Эмин шавӣ аз мотамаш, к -ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.

Боре, дилам аз марду зан барканд миҳри хештан,
То ишқ шуд холу амаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.

Гар сина ойина кунӣ, бе кибру бе кина кунӣ,
Дар вай бибинӣ ҳар дамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.

Чун осмон гар хам диҳӣ, дар амри фармон вораҳӣ,
З-ин осмону аз хумаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.

Ҳам биҷҳӣ аз мову манӣ, ҳам девро гардан занӣ,
Дар даст печӣ парчамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.

Иқбол хеш ояд туро, давлат ба пеш ояд туро,
Фаррух шавӣ аз мақдамаш, ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.

Девест дар асрори ту, к-аз вай нагун шуд кори ту,
Барбанд ин дам муҳкамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.

Дорад Худо хуш оламе, мангар дар ин олам даме,
Ҷуз ҳақ набошад марҳамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.

Хомуш баёни сир макун, хомуш, ки сирри мин ладан,
Чун мезанад андар ҳамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.