Ай, к-аз он ороми ҷонҳо монда танҳо, зиндаӣ

Ай, к-аз он ороми ҷонҳо монда танҳо, зиндаӣ,
Зиндагӣ бошад вуболи ҷони ту, то зиндаӣ.

Ёр қатли ошиқон имрӯз бар фардо фиганд,
Шод зӣ, ай он ки бар уммеди фардо зиндаӣ.

Гар наӣ, ай зоҳид, аз ишқи ҷавонӣ зиндадил,
Дар ҳақиқат мурдаиву ошкоро зиндаӣ.

Мо тани хокӣ, ту рӯҳи пок, ай ҷону ҷаҳон,
Гарчи мо мурдем дур аз ту, ту бе мо зиндаӣ.

Васлу ҳаҷр омад ҳаёту марг, ай дил, шукр кун,
Гар ман ин ҷо мурдаам, боре ту он ҷо зиндаӣ.

Ёр гӯяд ҳар замон хоҳам ҳамин дам куштанат,
Ғам махур, ай дил, ту худ баҳри ҳаминҳо зиндаӣ.

Ниммурда бар дарат умрест дар ҷон канданам,
Кас намепурсад, ки: “Ҷомӣ, мурдаӣ ё зиндаӣ?”