Ай маҳви ишқгашта, ҷониву чизи дигар

393

Ай маҳви ишқгашта, ҷониву чизи дигар,
Ай он, ки он ту дорӣ, ониву чизи дигар!

Асрори осмонро в-аҳволи ину онро
Аз лавҳи нонабишта хониву чизи дигар!

Ҳар дам зи халқ пурсӣ аҳволи аршу курсӣ,
Онрову сад чунонро дониву чизи дигар!

Лаълест бениҳоят, дар равшанӣ бағоят,
Он лаъли бебаҳоро кониву чизи дигар!

Ҳукме, ки ронд фармон рӯзи аласт бар ҷон,
Он ҷумла ҳукмҳоро рониву чизи дигар!

Чашме, ки дид он рӯ, гар ишқ ронд ин сӯ,
Он чашм нест, валлаҳ з-ониву чизи дигар!

Он чашмаҳвал омад, дар гоми аввал омад,
К-ӯ гуфт аввалиро сониву чизи дигар!

Ҳар к-ӯ бақо наёбад аз Шамси Ҳаққи Табрез,
Ӯ ҳаст дар ҳақойиқ фониву чизи дигар!