Ай ту бидода дар саҳар аз кафи хеш бодаам

493

Ай ту бидода дар саҳар аз кафи хеш бодаам,
Ноз раҳо кун, ай санам, рост бигӯ, ки додаам?!

Гарчи бирафтӣ аз барам, он бинарафт аз сарам,
Бар сари раҳ, биё, бибин, бар сари раҳ фитодаам!

Чашми баде, ки буд маро, ҳусни ту дар ҳиҷоб шуд,
Дӯхтам он ду чашмро, чашми дигар кушодаам.

Чун бикушояд ин дилам, ҷуз ба умеди аҳди дӯст?!
Номаи аҳди дӯстро бар сари дил ниҳодаам!

Зодаи аввалам бишуд, зодаи ишқам ин нафас,
Ман зи худам зиёдатам в-он ки ду бор зодаам!

Чун зи билоди кофарӣ ишқ маро асир бурд,
Ҳамчу равони ошиқон софу латифу содаам!

Ман ба тиҳӣ расидаам, зулфи хушаш кашидаам,
Хонаи шаҳ гирифтаам, гарчи чунин пиёдаам!

Аз Табрез, Шамси дин, боз биё, маро бибин,
Мот шудам зи ишқи ту, лек аз ӯ зиёдаам!