Ай ту чу хуршеду шаҳи хоси ман

764

Ай ту чу хуршеду шаҳи хоси ман,
Куфри ману тавбаву ихлоси ман!

Рақс кунад бар сари чарх офтоб,
То ту бигӯйӣ, ки «Раққоси ман!».

Саҷдакунон пеши дарат нафси кул,
К-ай зи ту ҷон ёфта ашхоси ман!

Нафси кулу ақли кулу он дигар
Баҳри ман гавҳару ғаввоси ман!

Куфри ману гавҳари имони ман,
Ҷурми ману воъизу қассоси ман!