Ай чу ҷон дар дили ман ҷо карда

Ай чу ҷон дар дили ман ҷо карда,
Ақлро ишқи ту шайдо карда.

Ҳар кӣ имрӯз рухат дида ба нақд,
Пушт бар насяи фардо карда.

Кай кунад рӯйи тамошо ба биҳишт,
Ҳар кӣ рӯйи ту тамошо карда.

Бут туро дидаву чун барҳаманон
Пеши ту саҷда таманно карда.

Оразат карда ба хат ғорати дин,
Ин чӣ расм аст, ки пайдо карда?

Дар пайи васли чу ту – мушкхатте
Шаҳре аз сар чу қалам по карда.

То кунад фикри даҳонат Ҷомӣ,
Умр дар фанни муаммо карда.