Ай шаҳи тангқабоён, маҳи зарринкамарон

Ай шаҳи тангқабоён, маҳи зарринкамарон,
Сарвари каҷкулаҳон, хусрави ширинписарон.

Марҳами синаи бекинаи ошуфтадилон,
Мардуми дидаи ғамдидаи соҳибназарон!

То кай афтам ба раҳат оҳкашон, ашкфишон?
То кай оям ба дарат наъразанон, ҷомадарон?

Гузаре кун ба сари ошиқи маҳҷур, ки ҳаст
Меҳнати ошиқию давлати хубӣ гузарон.

Бо хаёли ту саҳар маъзарате мегуфтам,
К-ай шуда мӯниси танҳоии хунинҷигарон!

Хешро шуҳра ба ишқи дигарон месозам,
То нагӯянд ҳадиси ману ту бехабарон.

Гуфт: – «Ҷомӣ, чу дилат шефтаи мост, чӣ бок,
Гар ба талбис шавӣ шуҳра ба ишқи дигарон?»