Ай шуда аз ҷафойи ту ҷониби чарх дуди ман

662

Ай шуда аз ҷафойи ту ҷониби чарх дуди ман,
Ҷавр макун, ки бишнавад, шод шавад ҳасуди ман!

Беш макун ту дудро, шод макун ҳасудро,
Ваҳ, ки чи шод мешавад аз талафи вуҷуди ман!

Талх макун умеди ман, ай шакари сапеди ман,
То надарам зи дасти ту пираҳани кабуди ман!

Дилбару ёри ман туйӣ, равнақи кори ман туйӣ,
Боғу баҳори ман туйӣ, баҳри ту буд буди ман!

Хоби шабам рабудайӣ, мӯниси ман ту будайӣ,
Дард туам намудайӣ, ғайри ту нест суди ман!

Ҷони ману ҷаҳони ман, Зуҳраи осмони ман,
Оташи ту нишони ман, дар дили ҳамчу уди ман!

Ҷисм набуду ҷон будам, бо ту бар осмон будам,
Ҳеч набуд дар миён гуфти ману шунуди ман!