Ай ғизойи ҷони мастам номи ту

790

Ай ғизойи ҷони мастам номи ту,
Чашму ақлам равшан аз айёми ту!

Шаш ҷиҳат аз рӯйи ман шуд ҳамчу зар,
То бидидам сими ҳафт андоми ту!

Гуфта будӣ, ки «зи ту бигрифт дил»,
Ман нахоҳам дар ҷаҳон ҷуз коми ту!

Мунтазир биншастаам, то даррасад
Аз пайи ҷон хостан пайғоми ту!