Ақл омад, ошиқо, худро бипӯш

440

Ақл омад, ошиқо, худро бипӯш,
Войи мо, ай войи мо аз ақлу ҳуш!

Ё бирав аз ҷамъи мо, ай чашму ақл,
Ё шавам аз нанги ту бе чашму гӯш!

Ту чу обӣ, з-оташи мо дур шав,
Ё даро дар деги мо, бо мо биҷӯш!

Гар намехоҳӣ, ки хурдат бишканад,
Мурда шав бо мавҷу бо дарё макӯш!

Гар бигӯйӣ ошиқам — ҳаст имтиҳон,
Сар мапечу ратли мардонро бинӯш!

Мехурӯшам, лек аз мастии ишқ
Ҳамчу чангам бехабар ман аз хурӯш!

Шамси Табрезӣ, маро кардӣ хароб,
Ҳам ту соқӣ, ҳам ту май, ҳам майфурӯш!