Баромад боди субҳу бӯи Наврӯз

313

Баромад боди субҳу бӯи Наврӯз
Ба коми дӯстону бахти фирӯз.

Муборак бодат ин солу ҳама сол,
Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз!

Чу оташ дар дарахт афканд гулнор,
Дигар манқал манеҳ, оташ маяфрӯз!

Чу наргис чашми маст аз хоб бархост,
Ҳасад, гӯ, душманонро дида бардӯз!

Баҳоре хуррам аст, эй гул, куҷоӣ,
Ки бинӣ булбулонро нолаву сӯз?

Ҷаҳон бе мо басе будасту бошад,
Бародар, ҷуз накӯномӣ маяндӯз!

Накӯӣ кун, ки давлат бинӣ аз бахт,
Мабар фармони бадгӯи бадомӯз!

Манеҳ дил бар сарои умр, Саъдӣ,
Ки бар гунбад нахоҳад монд ин гӯз1.

Дареғо айш, агар маргаш набудӣ,
Дареғ оҳу, агар бигзоштӣ юз2!


1 Гирду, чормағз.
2 Ҳайвоне бузургтар аз саг, ки ҳангоми шикор аз он истифода мекарданд.