Бахти нигору чашми ман ҳар ду нахусбад дар заман

652

Бахти нигору чашми ман ҳар ду нахусбад дар заман,
Ай нақши ӯ шамъи ҷаҳон, ай чашми ман ӯро лаган!

Чашму димоғ аз ишқи ту бехобу хур парварда шуд,
Чун сарву гул ҳар ду хуранд аз оби лутфат бе даҳан?!

Ай кори ҷон пок аз абас, рӯзии ҷон пок аз ҳадас,
Ҳар лаҳза зояд сурате дар шаҳри ҷон бе марду зан!

Ҳар сурате биҳ аз қамар, ширинтар аз шаҳду шакар,
Бо сад ҳазорон карру фарр дар хидмати маъшуқи ман,

Ҳайрон малак дар рӯяшон, оби фалак дар ҷӯяшон,
Ай дил, чу андар кӯяшон маст омадӣ, дасте бизан!

З-он моҳрӯйи маҳҷабин шуд чун фалак рӯйи замин,
Ал-мустағос, ай муслимин, з-ин нақшҳои пурфитан!