Ба кӯйи ишқи ту ман н-омадам, ки боз равам

632

Ба кӯйи ишқи ту ман н-омадам, ки боз равам,
Чи гуна қибла гузорам, чу дар намоз равам?!

Ба ҷуз, ки кӯр нахоҳад, ки ман ба ҳеч сабаб
Ба сӯйи зулмат аз он шамъи садтароз равам!

Кадом ақл раво бинад ин, ки ман ташна
Ба ғайри ҳазрати он баҳри бениёз равам?!

Буроқи ишқ гузидам, ки то ба даври абад
Ба сӯйи турраи ҳинду ба турктоз равам!

Шаби чу бозу бати рӯзро бисӯзад пар,
Чу дар саҳар ба муноҷоти ӯ ба роз равам!

Чу чашмбанди қазо роҳи чашм баста кунад,
Ба бӯйи анбарияш чашмҳо фароз равам!

Ба хоки пойи Худованд — Шамси Табрезӣ,
Ки чун шудам зи вай аз даст, сарфароз равам!