Ба ман нигар, ба ду рухсори заъфаронии ман

750

Ба ман нигар, ба ду рухсори заъфаронии ман,
Ба гуна-гуна аломоти онҷаҳонии ман!

Ба ҷони пири қадиме, ки дар ниҳоди ман аст,
Ки бод хоки қадамҳо-ш ин ҷавонии ман!

Ту чашм тез кун, охир, ба чашми ман бингар,
Мадузд ин дили худро зи дилситонии ман!

Бар ин лабам чу аз он бахт бӯсае бирасид,
Шакар касод шуд аз қанди хушзабонии ман!

Ба гӯшҳо бирасад ҳарфҳои зоҳири ман,
Ба ҳеч кас нарасад наъраҳои ҷонии ман!

Бас оташе, ки фурӯзад аз ин нафас ба ҷаҳон,
Басе бақо, ки биҷӯшад зи ҳарфи фонии ман!

Зи Шамси мафхари Табрез то чи дидастам,
Ки беқарор шудастанд ин маъонии ман?!