Ба хидмати лабат омад ба интиҷоъ шакар

403

Ба хидмати лабат омад ба интиҷоъ1 шакар,
Ки аз лаби шакарин бахш як-ду соъ2 шакар!

Лаби ту аст, ки шаккар зи айни ӯ рӯяд,
На мунтазир, ки расад нася аз буқоъ3 шакар!

Шакар ба вақти шакархӯрданат насибе ёфт,
Ки бар мазоқи даҳонҳо бувад матоъ шакар!

Бибастайӣ ду лаб имрӯз, з-он ҳаметарсам,
Ки аз ғами ту бимонад зи интифоъ4 шакар!

Зиҳӣ набот, ки дорад лаби ту, к-аз вай шуд
Амири ҷумла наботот бе низоъ шакар!

Даҳон бибандаму баста шакар ҳамехоям,
Ки то ба ҷон бирасад хуш ба ибтилоъ5 шакар!


1 Дар талаби некиву марҳамат.
2 Паймонаи ғаллаву шакар.
3 Ҷое дигар.
4 Суд, самар, фоида, ҳосил.
5 Фурӯ бурдан, балъидан.