Ба шакарханда бибурдӣ дили ман

739

Ба шакарханда бибурдӣ дили ман,
Бишикан шаккару, дилро машикан!

Дили моро, ки зи ҷо баркандӣ,
Ба ту омад, пару болаш бимакан!

Бинигар, то ба чи лутфаш бурдӣ,
Раҳм кун, ҳар нафасаш захм мазан!

Ҷонам андар пайи дил меояд,
Чи кунад бе ту дар ин қолаби тан?!

Бе ту дилро набувад барги ҷаҳон,
Бе ту гулро набувад барги чаман!

Ҳин, чаро банд шикастӣ? Хомӯш,
Ё магар нест туро банди даҳан?!