Бечора касе, ки май надорад

254

Бечора касе, ки май надорад,
Ғӯра ба салаф ҳамефишорад!

Бечора замин, ки шӯра бошад
В-ин абри карам бар ӯ наборад!

Боре, дили ман сабӯҳмаст аст,
Воми шаби дӯш мегузорад!

Гуфтам басабӯҳхуфтагонро:
«Помузди вам, ки сар барорад!»

Имрӯз гурехт шарм аз ман,
Ӯ бар кафи маст кай нигорад?!

Соқист гирифта гӯшам имрӯз,
Як лаҳза маро намегузорад!

Ҷоми чу асо-ш аждаҳо шуд,
Бар қибтие1 ақл мегуморад!

Хомушу бибин, ки хумми мастон
Чун ҷоми шариф месупорад!


1 Мисрии насронӣ.