Бигдохтам аз дасти ҷафо кардани ту

Бигдохтам аз дасти ҷафо кардани ту,
Ин аст тариқи банда парвардани ту?
Гар ман ба гуноҳи ошиқӣ кушта шавам,
Хуни мани бегуноҳ бар гардани ту!