Нақши ту агар на дар муқобил будӣ

Нақши ту агар на дар муқобил будӣ,
Корам зи ғами фироқ мушкил будӣ.
Дил бо туву дида аз ҷамолат маҳрум,
Эй кош, ки дида низ бо дил будӣ!