Бигзашт маҳи рӯза, ид омаду ид омад

220

Бигзашт маҳи рӯза, ид омаду ид омад,
Бигзашт шаби ҳиҷрон, маъшуқ падид омад!

Он субҳ чу содиқ шуд, Азрои ту Вомиқ шуд,
Маъшуқи ту ошиқ шуд, шайхи ту мурид омад!

Шуд ҷангу назар омад, шуд заҳру шакар омад,
Шуд сангу гуҳар омад, шуд қуфлу калид омад!

Ҷон аз тани олуда ҳам пок ба покӣ рафт,
Ҳарчанд чу хуршеде бар поку палид омад!

Аз лаззати ҷоми ту дил монд ба доми ту,
Ҷон тез чу воқиф шуд, ӯ низ давид, омад!

Бас тавбаи шойиста бар санги ту бишкаста,
Бас зоҳиду бас обид, к-ӯ хирқа дарид, омад!

Боғ аз дайи номаҳрам се моҳ намезад дам,
Бар бӯйи баҳори ту аз ғайб давид, омад!