Бигзор, то ба шориъи майхона бигзарем

372

Бигзор, то ба шориъи майхона бигзарем,
К-аз баҳри ҷуръае ҳама муҳтоҷи ин дарем.

Рӯзи нахуст чун дами риндӣ задему ишқ,
Шарт он бувад, ки ҷуз раҳи он шева наспарем.

Ҷое, ки тахту маснади Ҷам меравад ба бод,
Гар ғам хурем, хуш набувад, беҳ, ки май х(в)арем.

То бу, ки даст дар камари ӯ тавон задан,
Дар хуни дил нишаста чу ёқути аҳмарем.

Воиз, макун насиҳати шӯридагон ки мо
Бо хоки кӯйи дӯст ба фирдавс нангарем.

Чун сӯфиён ба ҳолату рақсанд муқтадо,
Мо низ ҳам ба шуъбада дасте бароварем.

Аз ҷуръаи ту хоки замин дурру лаъл ёфт,
Бечора мо, ки пеши ту аз хок камтарем.

Ҳофиз, чу раҳ ба кунгураи кохи васл нест,
Бо хоки остонаи ин дар ба сар барем.