Хез, то хирқаи сӯфӣ ба харобот барем

373

Хез, то хирқаи сӯфӣ ба харобот барем,
Шатҳу томот ба бозори хурофот барем.

Сӯйи риндони қаландар ба раҳоварди сафар
Далқи бастомию саҷҷодаи томот барем.

То ҳама хилватиён ҷоми сабӯҳӣ гиранд,
Чанги субҳӣ ба дари пири муноҷот барем.

Бо ту он аҳд, ки дар водии Айман бастем,
Ҳамчу Мӯсо «аринӣ»-гӯй ба миқот барем.

Кӯси номуси ту бар кунгураи Арш занем,
Алами ишқи ту бар боми самовот барем.

Хоки кӯйи ту ба саҳрои қиёмат фардо
Ҳама бар фарқи сар аз баҳри мубоҳот барем.

В-ар ниҳад дар раҳи мо хори маломат зоҳид,
Аз гулистон-ш ба зиндони мукофот барем.

Шармамон бод зи пашминаи олудаи хеш,
Гар бад-ин фазлу ҳунар номи каромот барем.

Қадри вақт ар нашиносад дилу коре накунад,
Бас хиҷолат, ки аз ин ҳосили авқот барем.

Фитна меборад аз ин сақфи муқарнас, бархез,
То ба майхона паноҳ аз ҳама офот барем.

Дар биёбони фано гум шудан, охир то кай,
Раҳ бипурсем, магар пай ба муҳиммот барем?!

Ҳофиз, оби рухи худ бар дари ҳар сифла марез,
Ҳоҷат он беҳ, ки бари қозии ҳоҷот барем.