Бикаш, бикаш, ки чи хуш мекашӣ, биёр, биёр

401

Бикаш, бикаш, ки чи хуш мекашӣ, биёр, биёр,
Ҳазиматони раҳи ишқро қатор-қатор!

Канор боз кушодаст ишқ аз мастӣ,
Расид дилшудагонро гаҳи канор-канор!

Зи дасти хеш аз он соғаре, ки медонӣ,
Агарчи нек харобам, биё, биёр, биёр!

Қарори давлати ӯ хоҳу аз қарор мапурс,
Ки нест аз рухи ӯ дар дилам қарор, қарор!

Нигор кардани чун ашк бар рухи ошиқ
Ҳаловатест дар он рӯ, ки зад нигор нигор!

Аё касе, ки дарафтодайӣ ба чанголаш,
Зи чанги дӯст раҳидан тамаъ мадор, мадор!

Ту хун будиву зи ишқаш чу шир ҷӯшидӣ,
Чу шир хун нашавад, ту аз ин гузор гузор!

Бирав, ба бодаи махдум — Шамси дин омез,
Ки нест бодаи Табрезро хумор, хумор!